БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАНӢ ОДАМ АЪЗОИ ЯКДИГАРАНД…

ВОКУНИШ. Тазоҳуроти рӯзҳои ахири кишвари ба мо дӯсти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намуда, дилхоҳ ашхоси бедордил низ нисбати ин қазия худро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ ин ҷо хостем ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ онро назарсанҷӣ ва баҳогузорӣ намуда, нигоштаҳоямонро аз нигоҳи шахсӣ рӯйи авроқ баён созем.

Аз нигоҳи аввал тазоҳурот чунон бо нақшаи пешакии таҳрезигардида, ки дар чашм ва назари мушоҳидакунанда нисбати  як масъалаи кӯчак, яъне масъалаи боло рафтани нархи маводи сӯхт(бензин, газ) дар бозорҳои дохилии Қазоқистон сокинонро ба майдони эътирозу тазоҳуроти осоишта бароварда, аз ҳукуматдорон поён фуровардани нархи онро талаб намуданд. Аммо баъдан дар кӯтоҳтарин фурсат аниқтараш дар муддати як рӯз гурӯҳҳои манфиатҷӯ мавзӯи нақшаи таҳрезигардидаи пешакиашонро якуякбора мавриди амал қарор дода, пардаро аз болои чеҳраҳои хазину манфӯрашон бардоштанд. Аллакай аз рӯзи дуввум эътирозгарон талаби истеъфои ҳукуматдоронро талаб намуданд ва даст ба бетартибиҳои оммавӣ зада гурӯҳҳои манфиатҷӯ халқро ҳамчун сипари боэътимоди худ истифода менамуданд. Кош мардуми бофарҳанги қазоқ аз мақсаду ниятҳои нопоку ифротгароёнаи гурӯҳҳои манфиатҷӯи радикалии динӣ огаҳӣ ёбанду садди роҳи онҳо гарданд, вагарна хонаи бо сад ранҷу уқубат ва заҳмату талошҳо обод кардаи худро ба вайрона ва боди фано табдил хоҳанд дод.

Роҳбарияти олии мамлакати қазоқ бо раҳбарии Қосим Жомарт Токаев нисбати ин қазия ситоди боэътимод таъсис намуда, аз пайи ҳалли мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба оммафаҳмонӣ шурӯъ намуданд. Азбаски тазоҳурот бо нақшаи пешакии таҳрезигардида ва характери ифротию террористиро касб карда буд, мақсаднок амалӣ мегардид. Ҳарчанд ҳайати ситод бо салоҳиятнокӣ корҳои таблиғотӣ мебурд ва эҳтиёҷи эътирозгаронро дар кӯтоҳтарин лаҳза ҳалшаванда арзёбӣ менамуд, лекин соат ба соат, рӯз то рӯз вазъият муташшаниҷтар гардид.

Ҳукуматдорони қазоқ оқибатҳои нохушоянди чунин амалкардҳои эътирозгарон ва даст доштани гурӯҳҳои террористиро дар қаламрави кишварашонро сари вақт пайхас намуда, аз давлатҳои аъзои СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ) кумак хостанд. Аз нигоҳи мо давлатдорони қазоқ ниҳоят иқдоми беҳтарину афзалиятнокро пеша карданд, ки ин иқдом ҳамҷониба ба нафъи онҳо ва сабақу омодагиҳо барои муборизаи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо бар зидди терроризму экстремизм ва сепаратизми миллӣ хоҳад буд.Тоҷикистон, ки яке аз узви давлатҳои аъзои СПАД ба шумор меравад, дар ҷараёни ин мубориза фаъолона ширкат варзида мавқеи худро дар муборизаи дастаҷамъонаи зидди терроризми байналмилалӣ мушаххас намуда, таҷрибаи чунин амалиётҳои зидди террористиро мукаммалтар месозад,ки ниҳоят хуб аст.

Давлати мо ки дар саргаҳи таҳдидҳои ҳарлаҳзаинаи чолишҳои сиёсию амниятӣ қарор дорад, чунин таҷрибагирию обутобёбӣ бароямон ниҳоят зарурӣ ва воқеӣ ба шумор хоҳад рафт. Воқеаҳои рӯзҳои ахири моҳи ноябри ВМКБ ва имрӯзаи Қазоқистон шаҳодат бар онанд, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва абарқудратҳову манфиатҷӯён ҳадафи аслиашон ноамн сохтани хонаи ободу осудаи мардумони Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ мо сокинони давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷую ифротгарона гардем. Зеро як иштибоҳамон метавонад боиси аз даст рафтани неъмати аз ҳама волотаринамон- Истиқлолияти давлатӣ гардад. Ҳамагон аз марҳилаҳои бо сад заҳмату талошҳо ва ҷонбозиҳову ҷоннисориҳои мардони шуҷои Ватанро баҳри расидан ба соҳибистиқлолии мамлакатамонро огаҳӣ дорему медонем, аммо заминаҳои ҳифзи нигоҳдошти ҷовидонаи муқаддасоту арзишҳо ва ормонҳои миллиро мебояд, ки дар худ парвариш намоему ба насли наврас ва ҷавононро ҳамчун сабақи аввалиндараҷа биёмӯзонем.

Воқеаҳои имрӯзаи Қазоқистон натанҳо барои бародарони қазоқ балки барои давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла барои мо тоҷикон аламовар аст. Зеро,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Қазоқистон ба шумор рафта, дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо якдигар муносибатҳои дуҷониба доранд.

Дарду ранҷи ҷомеаи шаҳрвандии кишвари дӯст барои мо низ дарду алам аст. Чуноне ки Саъдии бузургвор ба маврид мефармоянд:

Бани одам к-аз аъзои якдигаранд,

Ки дар  офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор…

Хулоса, дар ҳама ҳодисаву фоҷеаҳое, ки дар ин ё он гӯшаву канори олам ба вуқӯъ мепайвандад бармало даст доштани гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротгаро ки мақсаду ҳадафи аслиашон бенизому ноором сохтани ҳаёти осоиштаи мардум ва аз байн бурдани сохтиконститутсионии давлатдории муосир мебошад возеҳу рӯшан аст.

Аз ин рӯ моро мебояд пайваста бар зидди чунин гурӯҳҳо дар мубориза буда то нагузорем, ки чунин пастфитратон ба ҳадафи нопокашон расидагӣ намоянд.

Неъматов Абдуҷаббор,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg