МУЪМИНОБОД. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Муъминобод бо иштироки зиёда аз 100 нафар фаъолону сокинони ҷамоат вобаста шарҳу тавезҳи Паёми Президенти мамлакат вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин ва раиси ҷамоати деҳоти Боғгаӣ Ҳасанов Одил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён зимни баромад аз нуктаҳои афзалиятноки Паёми Президенти кишвар ёдовар шуда, иброз намуданд, ки дар шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор Ҳукумати мамлакат чораҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, ки дар натиҷа соли 2021 дар кишвар суръати рушди иқтисодӣ ба беш аз 9 фоиз баробар гардидааст.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҳукумати мамлакат имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад.