КӮШОНИЁН. Бо мақсади дастгирию кӯмак ба оилаҳои ниёзманду маъюб дар доираи амалисозии Аксияи ҳизбии “Кумак ба маъюбон!” аз ҳисоби корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Бобомуродов Манучеҳр ба як оилаи эҳтиёҷманд ва маъюбдошта аз ҷамоати деҳоти Меҳнатободи деҳаи Байнал Юсупова Меҳрӣ кумаки яквақтаина, аз қабили маводҳои хӯрокворӣ расонида шуд.
Бояд қайд кард, ки ин зан як писари маъюб дошта, ду моҳ пештар шавҳараш ҳангоми аз кор баргаштан бо велосипед, дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расидааст.