БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Бо мақсади дастгирию кумак ба оилаҳои ниёзманду маъюб ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа дар доираи амалисозии Аксияи ҳизбии “Кумак ба маъюбон!” аз ҳисоби корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Бобомуродов Манучеҳр ба оилаи маъюбдошта аз ҷамоати деҳоти Меҳнатободи деҳаи Гулистон Хайриддинова Қурбонгул, Хайриддинов Саймурод кумаки яквақтаина аз қабили маводҳои хӯрокворӣ  расонида шуд. Ин ду нафар маъюб буда, таҳти сарпарастии бародарашон қарор доранд.  

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ зимни расонидани кумак иброз доштанд, ки дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ғамхории Пешвои муаззами миллат қарор доранд ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg