ҶАЙҲУН. Дирӯз бо мақсади беҳтар намудани сифати кори ташкилотҳои ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфуллоев Раҳмиддин ба ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатӣ” ташриф оварда, ҳуҷҷатҳои ҳизбии ташкилоти номбурдаро тибқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва “Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ” ҷиҳати таҳкими ҳаракати аъзои ҳизб, роҳу усулҳои амалӣ намудани корҳои тарғиботӣ оид ба ҷалби ҷонибдорон барои аъзогӣ ба ҳизб ва ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатгузориро аз назар гузаронида, таъкид карданд, ки шуморо зарур аст доимо бо Кумитаи иҷроияи ноҳия дар робитаи зич қарор дошта бошед, зеро Маркази саломатӣ яке аз ташкилоти ибтидоии фаъол ба ҳисоб меравад.