БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАҶЛИСИ КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ.  Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини аввали раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”   ва намояндагони ВАО маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Гулрухсор Шарифзода ба сухан баромада, қайд намуд, ки маҷлиси имрӯза аз 7-масъала иборат мебошад: ҷамъбасти фаъолият дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022,  ҷамъбасти обуна  ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2022, ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз натиҷаи фаъолият дар соли 2021, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022, тасдиқи нақшаи фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи буҷаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Масъалаҳои ҷорӣ (тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ).

Зимни маҷлис аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар соли 2021 натиҷагирӣ карда шуда, оид ба тадбирҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва масъулияти узви ҳизб дар доираи Оиннома ва Низомномаи ҳизбӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин, дар рафти маҷлис аз ҷониби раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Нозимов Талаб, котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Олимон” Шоинов Ҳасан  ва дигар аъзои Раёсат баромадҳо шуда, ҳисоботи фаъолияти солонаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯло, ки аз ҷониби муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин ироа гардид, ба инобат гирифта шуд.

Ҳамзамон, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини аввали раиси шаҳр  Ташрифзода Мунаваршо баромад карда, дар зимн таъкид дошт, ки фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ дар шаҳри Кӯлоб вусъат дода шуда, хусусан ҷиҳати беҳтар шудани фаъолияти ҳизб ва баланд бардоштани нуфузи он дар байни ҷомеа ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тақвият дода шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg