БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҶОЕ, КИ ЯДКИГАРФАҲМИСТ, СУЛҲУ СУБОТ ПОЙДОР АСТ

АНДЕША. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар ҳар сарзамине, ки дӯстиву ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, дар он ҷо, амну амонӣ ва сулҳу субот пойдор мебошад. Ва шукронаи миллати куҳанбунёди тоҷикон, шукронаи истиқлолияти давлатӣ, шукронаи ин сарзамини аҷдодӣ ва шукронаи Пешвои муаззами миллат, ки ана ҳамон сулҳу салоҳе, ки гуфтем дар кишвари маҳбуби мо ҳукмфармост. Ва мо ин тинҷиву амонӣ, сулҳу салоҳро якҷоя дар муттаҳидӣ чун гавҳараки чашм нигоҳ медорем. Намегузорем, ки ягон нохалафе ба монанди гурӯҳҳое, ки имрӯз чашми дидани осоиштагии моро надоранду пайваста фитнаҷӯӣ менамоянд, осудагии моро халалдор созанд. Намегузорем, ки тифоқии моро бо фитнаву ҳангомаҷӯиашон аз байн баранд. Мардуми тоҷик мардуми бофарҳангу донишманд буда, фирефтаи дурӯғу дасисаҳои душманон намегарданд.

Имрӯзҳо тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, ки яке аз онҳо “Гурӯҳи 24” мебошад, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки миёни сокинони осоиштаи халқи тоҷик тафриқаандозӣ намоянду зиндагии осоиштаи моро халалдор созанд. Рӯз то рӯз ватани азизи мо ободу зебо шуда истодааст, аммо ин гурӯҳҳои ифротӣ аз ин пешравиҳо ҳасад бурда, корашон танқиду иғво асту халос. Аз як камбудӣ соатҳо ба монанди сагон меҷаканду аммо ин қадар пешравию тараққиёти кишварро ба забон ҳам намеоранд. Чаро? Аз ин кирдору рафтори онҳо кӣ будани онҳову чӣ хостанашонро бараъло мушоҳида кардан мумкин аст.

Хулоса мо мардуми тоҷикро минбаъд зарур аст, ки беш ҳар вақта дида ҳушёру зирак бошему дар партави мавқеи созанда ва ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба гурӯҳҳои ифротӣ, аз қабили экстремизму терроризм ё худ омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлоли давлатӣ муттаҳид шуда истодагарӣ намоем. Барои таҳкими рушди давлати миллӣ фаъолияти худро дар ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди мо қарор доранд, ҳамеша омода бошем.

Мирзоева Г., сокини ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg