БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ МАОРИФ ДАР СИЁСАТИ МАМЛАКАТ ДАР МАДДИ АВВАЛ ҚАРОР ДОРАД

ВОСЕЪ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №68”-и ҷамоати деҳоти М. Вайсов вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҷихати шарҳу тавзеҳи нуқтахои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда қайд карданд, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати кунунии мамлакат дар сархати аввали иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешраф­ти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад.

Бинобар ин сабаб ҳамаи омӯзгоронро зарур аст, ки дастуру супоришҳо ва ғамхориҳои Пешвои миллатро, ки аз Паём бармеояд,  сармашқи кори худ қарор дода, баҳри тарбияи ҷавонону наврасони бомаърифат, бо илму дониш, меҳандӯсту ватанпарвар  сидқан фаъолият намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg