ВОСЕЪ. Бо мақсади расонидани шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Восеободи калон” бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронии худ масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки рӯзи 21.12.2021 бори дигар Паёми Пешвои миллат баргузор шуд, ки дар он зимни баёни масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, инчунин доир ба масъалаҳои тарбияи насли наврас, соҳаҳои илму маориф низ ироа гардиданд. Зимни ироаи Паёми хеш Пешвои муаззами милаат бори дигар қайд намуданд, ки “...бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад.” Пас ҳамаи мо шаҳрвандони бонангу номуси кишвар, алалхусус омӯзгоронро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулият ва садоқат ба Ватан ҳар як дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ садо доданд, сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, баҳри рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ва тарбияи дурусти насли наврас сидқан фаъолият намоянд.