БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РАҲНАМОВУ РАҲКУШОИ МАРДУМ

ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар МТМУ №56 вохӯрӣ бо фаъолони ҳизбӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳияи Вахш Юсупов Қ., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Юсупов Қ., раиси КИ ҲХДТ Маҳмадов О., мудири шуъбаи маорифи ноҳия Валиев С., мушовири шуъбаи маорифи ноҳия Расулова Т ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Мирзоев С баромад намуда, иброз доштанд, ки тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро мебояд, ки Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар камари ҳиммат банданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg