![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20220110_104533.jpg?itok=HzknaXzw)
БАЛҶУВОН. Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон пайваста миёни сокинони деҳаю маҳалаҳо суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Балҷувон баргузор шуда истодааст.
Вохӯрии навбатӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев доир гардида, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон Мирзозода Исуф ва директори хоҷаги ҷангали ноҳияи Балҷувон Раҳимзода Мустафо оид ба нуктаҳои Паём ибрози андеша намуданд.