А.ҶОМӢ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ҳалимов Муҳаммаддовуд дар ҷамоати деҳоти Яккатут оид ба баррасии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Нахуст, Муҳаммаддовуд Ҳалимов дар баробари тарғибу ташвиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханрониҳо бо фаъолони ҷомеа ва кишоварзони вилояти Хатлон бармеояд, инчунин эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ низ маълумотҳои судманд дод.