ҶАЙҲУН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдуллоев Муҳаммадҷон ва дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия миёни сокинон ва фаъолони деҳаҳои Маданият, Э. Қаландаров, Ҳаёти нав, С. Вализода, Фотеҳон, Корвонгузар ва Тутзори ҷамоати номбурда суҳбату вохӯриҳо баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур гурӯҳи кории номбурда суханронӣ намуда, аз якчанд нуктаҳои Паёми навбатӣ ёдовар гашта, иброз доштанд, ки мо шаҳрвандон ва истиқоматкунандагони кишварро зарур аст Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, дар тамоми соҳаҳои фаъолият бо чашми нек нигариста, дар ободу зубо гаштани Ватани азизи хеш саҳмгузор бошем.