БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМО ВА РОҲКУШОИ МАРДУМ БА СӮИ КОМЁБИҲО ВА БУРДБОРИҲО

ВОСЕЪ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси ноҳияи Восеъ Гулмуродзода Бибинисо, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ишмуродов Ҳокимшо, кормандони масъули ҳизбӣ раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрии судманд доир гардид.

Ҳамаи баромадкунандагони вохӯрӣ Паёми Пешвои миллатро дар рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастури ҳидояткунанда маънидод намуда, қайд карданд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg