БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - ҚАДАМИ УСТУВОР БА РОҲИ РУШД

АНДЕША. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 оид ба муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат ва вазифаҳо барои як соли минбаъда ироа гардид,   таҳлили воқеии дастовардҳои марҳилаи 30-соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  мавриди таваҷҷуҳ, таҳлил ва ояндабинӣ қарор дод.

Веқеият аст, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дар асоси нақшаи мукаммали ташкили аркони давлатдорӣ фаъолияти босамар доштанд, ки асоси ташкили давлати миллӣ аз баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ибтидо гирифт. Бо назардошти ин, ин Иҷлосия ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз барои бунёд ва пойдории давлати миллии мо унвон мешавад.

Бо мақсади раҳоӣ бахшидани як кишвари аз оқибатҳои ҷанги таҳмилӣ харобгашта сиёсати кишоварзии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ва дар ҳамин замина тақсими замин  ба аҳолӣ сиёсати саривақтӣ буда, мардумро аз гуруснагӣ наҷот дод. Дар натиҷаи сиёсати дурусту раъиятпарварона, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва дастгирии якдилонаи сокинони мамлакат дар ду даҳсолаи охир мо ҳамчун кишвари рӯ ба рушд ботадриҷ ба ӯуи пешрафт қадамҳои усутувор гузоштем.  Таҳлили болоравии рушди миёнасолонаи иқтисодиёт  дар сатҳи 7,5 %, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуда, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардид, ки ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Ин далели раднопазири болоравии сатҳи зиндагии мардум дар  марҳилаи пешрафти кишвар буда, иқтидори мамлакатро дар солҳои минбаъда ба роҳи рушд ояндабинӣ менамояд.  

Ҳамзамон, дар бистсолаи охир ба кишвар ҷалб шудани зиёда аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ сармояи мустақим , аз ҷумла 35 миллиард сомонӣ барои рушди соҳаи саноати кишвар аз рушди соҳаи саноат дар солҳои минбаъда кафолат медиҳад. Маҳз ҳамин заминагузорӣ, ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани соҳаи саноат ва аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022–2026, «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки заминаи асосии бунёди корхонаҳои азими саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.  Мувофиқи мақсад ва ироаи Паёми солона дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

Дар Паёми солона бо инобати татбиқи босамари  саноатикунонии босуръати кишвар  тадбирандешиҳо бо мақсади дар таҳрири нав қабул кардани Кодекси андоз баррасӣ шуд, ки  амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад. Қайд карда шуд, ки   шумораи андозҳо аз 10 то 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд. Пешбинӣ намудани сабукиҳо дар самти паст намудани меъёрҳои андозӣ идомаи дастгириҳо бобати имкониятҳои нави истеҳсолӣ буда, соли гузашта низ истифодабарандагони замин аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуда буданд, ки дар давраи зуҳури бемории сироятии каронавирус тадбири муҳим ва саривақтӣ дониста шуд. 

Мусаллам аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳамасола ҷиҳати  паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои саривақтӣ меандешад. Дар Паёми солона қайд карда шуд, ки  дар ин самт тадбиқи 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Тадбиқи механизми таҷрибавии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони ниёзманд ва аз соли 2020 дар марҳилаҳои муайян расонидани кумакҳои яквақтаи Ҳукумати ҶТ ба оилаҳои ниёзманде, ки дар асоси барнома ҳамчун оилаи эҳтиёҷманд муайян карда шудаанд, аз тадбирҳои амалии дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ мебошад.  

Қайд карда шуд, ки дар ин давра музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар афзоиш ёфт. Сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд, ки аз ҷумлаи муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

– аз 1-уми январи соли 2022 зиёд гардидани музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз;  

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз;  

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида  ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022-юм 50 фоиз зиёд ва муқаррар кардани андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ дастгирӣ ва ҳавасмандии тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи буҷет ва нафақа буда, тамоми қишрҳои номбурдаро водор менамояд, ки имкониятҳои истифоданашудаи пешрафту тараққиёти хоҷагии халқи мамлакатро дар саргаҳи фаъолияти доимии худ қарор диҳанд.    

Дар Паёми солонаи Президенти мамлакат дар баробари таваҷҷуҳ ба масъалаҳои кишоварзӣ, саноату сохтмон ва бо шуғл тамин кардани аҳолӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи маориф низ диққати зарурӣ зоҳир гардид.  Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Ин таваҷҷуҳ бори дигар тамоми кормандони соҳаро водор менамояд, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, кадрҳои воқеан ҳам забондону донишмандро тайёр намоянд. Беҳтар ба роҳ мондани таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ низ бознигарӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ба ин васила роҳ ёфтан ба омӯзиши илми муосири ҷаҳонӣ аст.

Мусаллам аст, ки ҳар як халқу миллат ба воситаи ҳифзи забон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ метавонад побарҷо бошад.  Аз масъалаҳои меҳварӣ қарор доштани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ миллати соҳибтамаддуни тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари дорои ғановати бузурги таърихӣ муаррифӣ менамояд. Дар баробари эҳёи ҷашнҳои таърихии Сада, Меҳргон,Тиргон ва таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ намунаи мероси миллии тоҷик - “Фалак” низ ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Воқеият аст, ки ҳар ҷо, ки илму маориф пойдор аст, дар он ҷомеа орӣ аз  ҷаҳолату хурофот аст. Ҳамасола иштироки хонандагони қишрҳои гуногуни ҷомеа дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун  истеъдодҳои нодирро аз миёни онҳо кашф карда, ҷиҳати ташаккули тафаккури зеҳнии наврасон заминаи боэътимод аст. Ҳавасманд намудани ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва волидайну омӯзгорони онҳо тамоми ниҳодҳои таъсиррасони ҷомеаро ба роҳи интихоби пайроҳаи донишу маърифат водор намуда, мутмаин месозад, ки хишти аз илму дониш бунёдшудаи пойдевори  маориф  аз боду борон ҳеҷгоҳ газанд нахоҳад ёфт.

Ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун масъалаи зарурии мавриди таваҶҶуҳ дар мадди назари доимии Ҳукумати Тоҷикистон аст. Ин масъала ва бо назардошти паҳн гардидани   мавҷи нави бемории сироятии КОВИД–19 дар бисёр кишварҳои дунё ва фавти одамон бори дигар мавриди таҳлилу бознигарӣ қарор дода шуда, аҳолии мамлакатро ба гирифтани ваксинаи зидди беморӣ водор менамояд.

Таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат дар самти  тадбиқи барномаҳои давлатии  кор бо занон мавриди қайд аст.  Мувофиқи таҳлилҳое, ки зикр гардиданд, 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд.

Ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таҳияи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» тадбири муҳим дар самти дастгирии занону бонувони лаёқатманди кишвар аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун неруи созандаи кишвар таваҷчуҳи хос доранд. Вобаста ба ин Ҷавононро ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар ҳидоят намуданд.  Дар ин баробар масъулияти волидайн аст, ки бояд шароит муҳайё созанд, ки наврасону ҷавонон, чи духтару чи писар бояд хонанд, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзанд.

Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз роҳи дурусту ояндасоз ва ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста  заминаҳои боэътимодро муайян сохтааст. Зарур аст, ки тамоми сокинони шарафманди Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ фаъолияти густурдаро роҳандозӣ ва онро дар самтҳои гуногун амалан тадбиқ намоем. Мо имкониятҳои мусоид дорем, ки сол то сол ватани азизамонро бо меҳнати аҳлона ба кишвари ру ба рушд табдил дода, танҳо бо дастовардҳои арзанда ба суи ояндаи дурахшони Ватан қадамҳои устувор гузорем.

Абдусаломзода Анзурат, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg