БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НООРОМИҲО ДАР ҚАЗОҚИСТОН ВА ТАЪСИРИ ОН ДАР МИНТАҚА

ВОКУНИШ. Тавре огаҳ ҳастем, ҳафтаи гузашта оғоз аз 4-уми январи соли 2022 дар шаҳрҳои бузурги Ҷумҳурии ба мо дӯст Қазоқистон норозигии мардум алайҳи болоравии нархи газ ба вуҷуд омада, боиси ташкил гардидани гирдиҳамоиҳо (митинг) гардид.  Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти сарварии роҳбари оқил- Қосим Ҷомарт Тоқаев,  нисбат ба эътирози мардум ситоди фаврӣ таъсис дода, барои пеши роҳи эътирозгаронро гирифтан ва талабботи онҳоро шунидан чораҳои заруриро андешид. Дар ҳамин ҳол Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, тавассути як муроҷиати видеоӣ эътирозгаронро ба хирадмандӣ даъват карда, изҳор дошт, ки гап сари нумӯи худи онҳо низ меравад. Ӯ шаҳрвандонро ба муколама хонда, изҳор дошт, ки тамоми талаботи қонунияшон баррасӣ мешаванду дар мавриди онҳо қарор қабул мегардад. Бояд гуфт, ки вобаста ба ин қазия рӯзноманигорони васоити ахбори омма, махсусан рӯзноманигорони расмӣ ва ғайрирасмии  ғарб ақидаҳои зиёде пешниҳод намуда истодаанд. Гӯё аз наздикону хешовандони собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар болоравии нархи гази моеъ ва табиӣ таъсири худро гузоштаанд. Инчунин, ба дигар пешравии самтҳои иқтисодиёту саноати кишвар монеагӣ эҷод менамуда бошанд. Дар ин васила махсусан ҷавонони қазоқ гаправи чунин ақидаҳо шуда, дар пайи ташкили гирдиҳамоиҳо гардиданд. Шумо худ медонед, ки дар бисёр кишварҳо алакай мушоҳида гардидааст, ки барои ноором сохтани як кишвари пешрафтаи осуда,  дасти иғвогарони бархе аз кишварҳои ғарб ҳамеша дароз аст. Зеро аз чунин нооромии кишвар манфиати зиёде ба даст меоранд. Инак, шоҳид гардидем, ки бо дассисаву найрангҳо як кишвари пешрафтаи тинҷу оромро ба чӣ ҳол оварда расониданд. Имрӯз тамоми васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ дар бораи Қазоқистон ҳарф мезананд. Ҳатто як хоини ба ном тоҷик .......иқболи Садриддин нисбати Ҷумҳурии Қазоқистон ва роҳбарияти он дассисаҳо эҷод намуда истодааст. Хонандагони азиз! Бовар кунед дар ҳамаи ин ташкили гирдиҳамоиҳо нақши асосиро пул мебозад. Ин нарху наво ва ё дигар ҳамааш баҳона ва асосе доштанаст. Тасаввур намекунед, ки барои ҳар як иштирокчии гирдиҳамоӣ ҳаррӯза чи қадар маблағ дастрас мегардад. То кишвари Қазоқон дучори қашоқӣ ва тангдастӣ гардад. Имрӯз давлатҳои абадқудради дунё ба мисоли ИМА, Британия, Олмон, Исроил, Туркия барои соҳибияти фарҳангу тамаддун ва иқтисоду молиявии давлатҳои рӯ ба инкишоф талош варзида истодаанд. Яке аз нақшаи манфиатовари давлати бузург барои ғасби давлати нотавон ин ташкили эътирози мардум мебошад, ки баъди эътироз, гирдиҳамоӣ, ғоратгарӣ, таркиш ва баъдан ҷанг сар зада давлат ба нестӣ меравад.  Аҳсан ба (СААД) Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмӣ, ки бо дастгирии роҳбарони олимақоми ин кишварҳо дере нагузашта аз пайи оромии ин кашвар гардиданду кумакҳои ҳарбии худро ба хотири ором кардани вазъи Қазоқистон фиристоданд. Албатта, дар ин кумаки дастаҷамъона саҳми кишвари мо низ назаррас мебошад, ки бо дастури  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории Маҷлиси Олии кишвар ҳайати 200 нафараи зудамалӣ низомӣ ба кумаки кишвари ба мо дӯст сафарбар гардид. Маълум гардид, ки дар сурати дӯсту тифоқ будани давлатҳои аъзои чунин созмон нотавонбинони ғарб натавонистан ба ҳадафҳои худ расанд. Ва мардуми эътирозгар дар асоси муроҷиатномаи дурусту пурмуҳтавои Перезиденти феълии кишвар муҳтарам Қосим Ҷомарт  Тоқаев, ки ба гуфтаҳои худ содиқ аст, майдонро тарк намуданд.   Вобаста ба таъсири нооромии Қазоқистон ба Осиёи миёна! Махсусан ба Тоҷикистон ҳаминро бояд гуфт, ки қисме аз таъминоти ғаллаи Тоҷикистон тибқи шартномаи байни ду давлат аз Қазоқистон ба Тоҷикистон ворид мегардад. Дар сурати чунин ҳолатҳои фавқулодда Қазоқистонро зарур аст, то барои аҳолии худ дар ҳолати фавқулодда захираи ғаллаи худро то ором гардидани вазъият нигоҳ дорад. Инчунин, қисме аз дигар молу ашёҳо низ ба Тоҷикистон аз ҳамин кишвар ворид мегардад дар ин сурат болоравии нархи он ба вуҷуд омаданаш аз эҳтимол дур нест.                     

Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст ба хотири оромиву осудагии кишвари азизамон- Тоҷикистон, зиракиву ҳушёриро аз даст надода нагузорем то чунин норозигиҳои бемавриду бемазмун аз ҷониби гумроҳону фирефтагон ба вуҷуд ояд. Зеро оқибати ҳама бадбахтиҳо ва нооромиҳо дар кадом давлате, ки набошад аз ташкили чунин гирдиҳамоиҳо сарчашма ёфта, алангаи он тамоми кишварро паҳн менамояд. Дар охир чунин гуфтаниам: Дӯстдори ана ҳамин ватану миллат бошем! Шукронаи хоку замини кишварро бояд кунем! Нагузорем то бозичаи дасти дигарон гардем! Ҷавони азизу сарбаланди кишвари азизам -Тоҷикистон! Нест бод-эътирозгар! Нест бод-таҷовузкор! Нест бод майдоннишин! Нест бод хиёнаткор!

Абӯбакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Дӯстӣ               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg