БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО СОКИНОН

МУЪМИНОБОД. Дар ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо иштироки зиёда аз 150 нафар фаъолону сокинони ҷамоат ва намояндагони ВАО - и ҷумҳурӣ вобаста шарҳу тавезҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карда шуд.

Вохӯрии мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба сокинон ба роҳ монда шуд.

Вохӯрии мазкур бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 Абдуллоев Мироҷ, раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин гузаронида шуд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии самтҳои афзалиятноки Паём суханронӣ намуда, иброз доштд, ки  бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки солҳои 2022–2026  «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ҷавонон қувваи бузурги пешбарандаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, барои рушду пешрафти онҳо ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg