ҚУБОДИЁН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миёни сокинон бо иштироки гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак оид ба баррасии Паёми имсола ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки ҳар як сокини кишвар Паёмро бо шарҳу тавзеҳаш сармашқи кори худ намояд, чунки дар Паём тамоми паҳлуҳои хоҷагидорӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар самтҳои хоҷагии халқ соҳа ба соҳа таҳлил гардидааст.
Инчунин, дар идома вобаста ба дигар масъалаҳои муҳими рӯз Абдуллоев Ваҳобуддин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён суханронӣ намуда, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ роҳнамоӣ намуданд.