АНДЕША. Паёме,ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, дар он ягон соҳа аз мадди назари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонда, чун анъана дар ин раванд таҳлили мушфиқона карда шуд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар 30-соли соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлил қарор дода, вазифаҳои сатҳи гуногуни ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидориро баҳри амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат барои оянда муайян намуданд. Шаклҳои гуногуни моликият асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф гардида, фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибмулкӣ кафолат дода шуд. Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат таваҷҷуҳи мардумро ба роҳҳои дар оянда дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, ба тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон эътибори махсус додани волидайн ва ҷомеаи шаҳрвандиро бори дигар таъкид карданд. Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад. Бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем. Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди «энергетикаи сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд. Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад. Болоравии сатҳи зиндагии мардумро Роҳбари давлат бо пешниҳоду далелу рақамҳои асоснок бозгӯӣ намуда, дар баробари он хеле ба маврид дастур доданд, ки сокинони кишвар бояд аз исрофкории захираҳои моддиву маънавӣ худдорӣ намоянд. Дастуру пешниҳодҳои Сарвари давлат дар бобати эълон гардидани панҷсолаи рушди соҳаи саноат, такмилдиҳии сиёсати молиявӣ маъмурикунонии андоз ба низомдарории санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ба дастгирию рушди соҳибкорӣ дар мамлакат нигаронида шуданд, ки он дар навбати худ боиси ғанӣ гаштани буҷети давлатӣ хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ Паёми навбатии Президенти мамлакат барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ сармашқи кор ва дастури роҳнамо баҳри ҳарчи тезтар амалигардонии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ва дар ин замина муҳайё намудани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини кишвар маҳсуб мешавад.
Алиев Зафар, мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ