БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг силоҳи маънавии давлат аст

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар дар коргоҳи дӯзандагии «Чилдухтарон» бахшида ба эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумъагул Шомаҳмадова вохӯрӣ доир  гардид.

Сараввал  Ҷумъагул Шомаҳмадова аз рафти кори коргоҳи дӯзандагӣ, ки дар ин коргоҳ занону ҷавондухтарони хонашин ба кор ҷалб карда шудаанд, шинос гардида,  ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд дод.

Баъдан Шомаҳмадова Ҷумъагул  дар назди ҷамъомадагон оид ба тарғиби фарҳанги миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону бонувони хонашин ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад ҳарф зад.

Инчунин, дар  ин росто  мавсуф суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва иштирок дар семинар-машварати  кишоварзони вилояти Хатлонро  шарҳу тавзеҳ дода, занону бонувони ҳунармандро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастовардҳои дилхоҳи меҳнатӣ ҷамъбаст кардани  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg