
ДӮСТӢ. Як гурӯҳ ҷавонони фаъоли ноҳияи Дӯстӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, барои аъзо гардидан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ихтиёран муроҷиат намуданд. Муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби шахсони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо хушнудӣ пазируфта шуда, онҳоро ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ қабул карданд.