АНДЕША. Терроризм, ҳамчун дар шаклҳои ҷинояткорӣ набояд аз рӯи принсипҳои диниву нажодӣ тарҷеҳ дода шавад. Амалҳои террористӣ ба инкишофи заррурии шуури одамон дар асри ХХ1 монеаи бузург дониста мешавад.
Дар ҷомеа баъзе шахсиятҳо терроризмро амале унвон медиҳанд, ки гӯё дар ҳамаи давраҳои таърихӣ инсониятро ҳамроҳӣ намудааст, аммо ақидаҳо асоси воқеӣ надоранд. Решаҳои терроризм хеле амиқ мебошанд. Шахси ифротгарои динӣ барои ҷомеа ва инсонҳо ба як хатари ҷиддии нуҳуфта табдил меёбад. Хусусияти муҳими ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки идеологҳои ин гурӯҳҳо онро ҳамчун восита ва силоҳи муборизаи манфиатҳои худ вориди муборизаи сиёсӣ намудаанд. Террористон мекӯшанд, то фазои ноамнию бесуботиро барои шаҳрвандон эҷод намуда, бо ин собит намоянд. Дар ягон давр терроризмро омма ва шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ накардаанд. Дар ҷаҳони имрӯза ҳеҷ нафаре аз дасти террористҳои байналмиллалӣ, ҳатто дар кишварҳои пешрафтаи олам худро осуда ҳис карда наметавонанд. Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо ҷавонон афтода, аз ин гуна домҳои макру фиреб раҳоӣ ёфта наметавонанд. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои нопоки худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгарои динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.
Ташкилотҳои террористии ҷаҳон айни ҳол аз намояндагони халқу миллтҳои гуногун таъсис дода шудаасту гӯё баҳри таъсиси давлати ягонаи мусулмонӣ мубориза бурда истодаанд. Аммо бояд қайд кунем, ки амалҳои террористие, ки гурӯҳҳои ифротгаро дар ҳудуди давлатҳои мусулмонӣ мавриди амал қарор медиҳанд, боиси марги мардуми бегуноҳи ин сарзаминҳо мегардад. Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз ҳисоби манфиатҷӯуён ва манифиатдорон силоҳнок шуда, барои давлатҳои хурд – хурди мусулмоние, ки дар арафаи рушд ва тараққиёт мебошанд, хатарҳои зиёдеро оварданианд.
Хатари асосие, ки терроризми байналмиллалӣ ба бор овардааст тақозо менамояд, ки одамон аз андешаи кӯтоҳ ва назорати ғалат дар бораи мафҳуми терроризм халос гардида, пеш аз ҳама бояд аз рӯи принсипи худӣ – бегона даст кашанд.
Бештар ба найрангу фиреби наҳзатиҳо ҷавонон афтода, аз ин гуна домҳои макру фиреб раҳоӣ ёфта наметавонанд. Ҷавонон ҳамчун фаъолтарин аъзои ҷомеа бештар аз воқеаҳои гуногун огоҳӣ дошта, кӯшиш менамоянд то ҷое таъсисрасони он бошанд. Чунин кӯшишҳо гоҳо ҷавононро ба роҳи хато, ба сарҳади гумроҳӣ низ мебаранд, ки ин ҳолатро мо дар мисоли воқеаҳои нангини солҳои 90 – ум мушоҳида намудем.
Ҷавонони дорои хулқу атвори нек ва писандида низ дар кишварамон зиёданд, вале миёни онҳо роҳгумзадагон ва ба доми макру фиреб афтода ҳам ҳастанд.
Хатарҳои террористӣ ва экстремизм то имрӯз ҳам паст нашудааст. Пеш аз ҳама, бояд калонсолон дар чунин ҳолат бетараф набошанд. Онҳо назорати ҳамешагии худро ба рафтору кирдори ҷавонон вазифаи ҷонии худ ҳисобанд. На танҳо падару модар, балки тамоми аъзои ҷомеа, ки нисбат ба ватану миллати худ арҷ мегузоранд, бояд ба ин масаула бетаваҷҷуҳ набошанд.
Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара