ДАНҒАРА. Дар ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо сокинон мулоқот доир гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Холзода Каромиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Афғон, раиси ҷамоати деҳоти Сафобахш Раҳмонзода Маҳмадулло Файзулло иштирок ва суханронӣ намуданд.