АНДЕША. Паём ҳуҷҷати муҳим барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии кишвар буда, баланд бардоштани нерӯи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагӣ рамзи накӯиву саодати мрдум меҳвари асосии онро ташкил медиҳад.
Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлисии Олии қишвар ҳамаи дастовардҳои давлату Ҳукумат тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷаъмона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ки самтҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳим ба шумор меравад, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурӣ яко як таҳлил ва пешниҳод карда шуд. Доир ба масъалаҳои ташкили нави ҷойҳои корӣ, ворид намудани техналогияи муосир, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, инчунин ташкили корхонаҳои муштарак ҳамаҷониба дар Паём таъкид гардид.
Дар Паём Сарвари давлат иброз доштанд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳамкориро бо шарикони рушд минбаъд низ идома дода, сармояи мустақими ҷалбшударо ба ворид намудани техникаю технологияҳои муосири истеҳсолӣ равона намуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ равона месозем.
Нуктаи дигаре, ки дар Паёми Президенти кишвар ироа гардид, рушди саноат мебошад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо кишварҳое муваффақ гардида метавонанд, ки саноати рушдкарда дошта бошанд ва ниёзҳои худро аз он бароварда тавонанд. Қайд намуданд, ки дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ беш аз 2 ҳазору 300 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 4 баробар афзоиш ёфт. Аз ин лиҳоз пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 “ Солҳои рушди саноат” эълон карда шавад.
Дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва бартараф намудани мушкилоти дар ин самт мавҷуда аз масъалаҳое буданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷчуҳи хосса зоҳир намуда, ду муаммои соҳаро бо таври зайл муқаррар намуданд: “бояд гуфт, ки др соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар”. Ҳамчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, забонҳои хориҷӣ дастуру споришҳо дода шуд. Ин дастури ҳидоятсозу роҳнами Пешвои миллат масъулияти омӯзгоронро дар назди ҷомеа ва фардои миллат дучанд мегардонад.
Дар Паём ба рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳими ҷомеа мебошад, минбаъд низ самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ монданаш таъкид гардид. Дастур дода шуд, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ба масъулини сохтор ба муҳлати ду сол дастур дода шуд.
Инчунин, зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат бори дигар аз вазъи ноороми ҷаҳони муосир ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки “ Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибватанӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру меҳрубонамонро ба ҷо орем, бо назардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, бо давлати соҳибистиқлоли худ содиқ бошем, тамоми саъю талошамонро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Ватанамон равона кунем.
Ализода Сураё Ҷӯра, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав