ПАНҶ. Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзишгоҳ» бо аъзо, фаъолони ҳизб вохӯрӣ барпо гардид.
Дар ҷамъомад муовини раиси Кумитаи иҷроия Ҳасанова Нигора оид ба баррасии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, соли 2022-2026 «Соли рушди саноат», истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷумла кишти такрорӣ истеҳсоли захираи кофии маводи хӯрокворӣ, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ ва инчунин оид бо мақсади мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти сокинон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ сухан ронд.