БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

КӮШОНИЁН. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои ободонию созандагӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ, буридани саривақтии ниҳолҳои мевадиҳанда, парвариши картошкаи барвақтӣ ва нашъунамои лимӯ дар гармхонаҳо, аз хоҷагии боғпарварии “Иброҳим” ва кооперативи истеҳсолии “Беҳбудӣ”-и ҷамоати деҳоти Меҳнатобод дидан намуданд.

Сипас, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар шинонидани дарахтони ҳамешасабзи сӯзанбарг дар шоҳроҳи Кӯшониён-Вахш иштирок намуда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ  ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар ин ҳашари дарахтшинонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона низ иштирок намуда, саҳми худро дар сабзу хуррамгардонии як гӯшаи диёр гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg