ДӮСТӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар оромгоҳи деҳаи ба номи Лоиқ Шералии ҷамоати деҳоти Нури Вахш Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Рӯзи ёдоварӣ" ташкил карда шуд.
Аксияи мазкурро Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва ташкилоти ибтидоии "ҷамоати Нури Вахш" дастгирӣ намуда, дар он раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Л.Шералӣ", "Донашкан" ва "Навобод", домуллоҳои масҷидҳои панҷвақта ҷалб гардиданд. Бо кумаки ҳашарчиён дохил ва атрофи оромгоҳ тоза карда шуда, дар атрофи оромгоҳ 100 бех ниҳоли сояафкани сӯзанбарг шинонида шуд.