БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТТАҲИДИВУ САРҶАМЪӢ ШИКАСТНОПАЗИР АСТ

ВОКУНИШ. Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоии намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ баромадҳо намуда, ба қавли худашан онҳо ҳақиқатҷӯ буда, аз ҳуқуқҳои миллату халқи худ дифоъ мекунанд. Аммо дар асл зери ҳақиқати онҳо кирдори ношоистае нуҳуфтааст, ки он ноором сохтани давлат, ҷангу низоъ андохтан миёни мардуми осоишта мебошад. Оқибати дурӯғу иғвоҳои онҳо танҳо ва танҳо ҷангу ҷидол, бесару сомонӣ ва харобиоварӣ мебошад.

Чи хеле ки мо шоҳид ҳастем дар Ҷумҳурии ба мо ҳамсоя Қазоқистон имрӯз чӣ ҳодисаҳо рух дода истодааст ва ин гурӯҳҳои тундгаро низ мехоҳанд чунин бадбахтиро ба сари кишвари азизамону сокинони осоиштаи он биёранд.

Вале ин мақсаду мароми онҳо ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад шуд, чунки мардуми тоҷик ҳушёру зирак буда, фирефтаи иғвоҳои ин душманони миллат намешаванд.

Ва ба сокинони кишвари азизамон рӯ оварда гуфтаниям, ки ҳар яки моро, алалхусус ҷавононро зарур аст, ки ба суханони ин фитнаҷӯён, кӯрнамакон ва дассисабозон бовар накунем. Фирефтаи макру фиреби онҳо нашавему баҳри тинҷиву осудагии ватани маҳбубамон сидқан талош намоем.  Ҳама якҷоя муттаҳиду сарҷамъ бошему алайҳи ин хоинон мубориза барем, зеро муттаҳидиву сарҷамъӣ шикастнопазир аст. Думболи моли дунё шуда ҳаёти хешро дар хатар нагузорем. Дар урфият мегӯянд: “Ними нон – роҳати ҷон”, ана ҳамин ними нони ватани осоиштаи худро  аз симу зари мамолики хориҷ боло гузорему тинҷу осоишта зиндагӣ кунем. Ба ҷавонони соҳибистиқлол ва ояндасози кишвар аз забони шоир гуфтаниям, ки:

Бо панҷаи худ мӯи сарат шона намо,

Не такя ба хешу не ба бегона намо.

Аз хони касе тамаъ накун нони бутун,

Бо нимаи нони хеш шукрона намо.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg