БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲ БА СӮИ САОДАТМАНДИСТ

ВОСЕЪ.  Дар толори МИҲД ноҳияи Восеъ бо иштироки Латифзода Рустам  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Восеъ Шарифзода Ҷамшед Раҳмон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат - Азизов Иброҳим  ҷиҳати шаҳру тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат мулоқоти судманд бо кормандони касбу кори гуногун, аҳли ҷомеа ва ҷавонони фаъоли ноҳия баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҳозирин дар баромадҳои худ аз Паёми Пешвои миллат иқтибосҳо оварда, иброз доштанд, ки рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат карданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.

Инчунин, қайд гардид, ки мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба ҳамаи ин ғамхориҳои Ҳукумату давлати кишвар ҷавоб гардонида, саҳми худро дар ободу зебо намудани диёри азизи худ гузорем. Фарзандонро тарбия намуда,  барои ҳифзи арзишҳои миллӣ раҳсипор намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg