ЛЕВАКАНТ. Тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба тақвият бахшидани робита бо маҳал ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо фаъолону ҷавонони ташкилоти ибтидоии «Зағертут» мулоқоти судманд доир карданд.
Зимни суханрониҳо масъулин оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии бемориҳои сирояткунанда, пос доштани ҳуввияту асолати миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, ихтироот, илмомӯзӣ, инчунин аз таърихи санади тақдирсози миллати тоҷик- Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуда, онҳоро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри шукуфоии Ватан ва зиндагии осудаи мардум ҳидоят карданд.