БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВО - ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади расондани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми сокинон  ҳамарӯза аз тарафи гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст.

Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Мулкон бо иштироки Зоирзода Маърифат муовни раиси ноҳияи Балҷувон, Мирзозода Исуф раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Мирзозода Исуф суханронӣ намуда, қайд кард, ки пеш аз ҳама дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз Пешвои миллат ҳамаи он рӯйдоду навгониҳои соли 2021-ро  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, диққати аҳли ҷомеаро ба идомаи мантиқии онҳо ҷалб намуда, баён доштанд, ки тӯли ин солҳо бо заҳмати шоёни мардуми сарбаланди тоҷик кишвари азизамон- Тоҷикистон ба комёбиҳои назаррасе дар тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ноил  гардида истодааст. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg