БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО

Ш.ШОҲИН. Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  чиҳати  расонидани муҳтавои Паёми Президенти Чумҳурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумҳурии Точикистон ба шаҳрвандони мамлакат, ки 21.12.2021 ироа  гардид,  мунтаззам пайгирӣ намуда, дар байни кормандони касбу кори гуногун мулоқоту вохӯриҳоро  ба роҳ монда истодаанд.

Мудири бахши кор бо  ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Суннатуллоева Мавзуна дар ташкилоти ибтидоии «Сино»  бо аъзову кормандони он  вохӯрӣ доир намуда, мавсуф  зимни баромадаш мазмуну муҳтавои Паёмро ба саҳми ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки моро мебояд, ки дар асоси Паёми навбатии Пешвои миллат нақшаи минъбадаи фаъолиятамонро таҳрезӣ намуда,  амал намоем.

Баъдан раиси ташкилоти ибтидоии «Сино» Неъматов Абдуқаҳҳор ба сухан баромада,  суханони корманди  Кумитаи иҷроияро тасдиқ намуда, дар радифи суханони ӯ якчанд иқтибосҳо аз Паёми навбатии Пешвои миллат баён дошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg