БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МОРО БА ЗИНДАГИИ ДУРАХШОН РОҲНАМОСТ

ШАҲРИТУС.  Дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мӯсозода Шодӣ, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир гардид.

Зимнан, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо ба сухан баромада, ба интихобкунандагон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  муаррифӣ намуда, ҳадафи ҷамъомадро ба ҳамагон шарҳ дод.  

Сипас,  Файзуллозода Зафар, Холбойзода Неъмат, Мӯсозода Шодӣ ва Шарофзода Ҳомидҷон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад  намуда, аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои созанда, ки баҳри рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии  шоиста ба сокинон равона гардидааст, бетараф набошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg