ШАҲРИТУС. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мӯсозода Шодӣ, муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон, мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон гузаронида шуд.
Дар баргузории мулоқот муовини раиси ноҳия Раҷабзода Меҳринисо сухан баромада, ба интихобкунандагон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷонро муаррифӣ намуд.
Сипас вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷон, оиди шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз ҳар як иштирокчӣ даъват ба амал оварданд, ки дар рушду тараққиёти меҳан бо анҷоми корҳои ободонӣ саҳмгузор бошанд ва зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд.