БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМО БАҲРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

ҶАЙҲУН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар МТМУ №8-и ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми имсола ҷавононро ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа арзёбӣ намуданд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон мебошад.

Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки ташаббускори амалҳои созанда бошем, зиракии сиёсиро аз даст надода ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза бурда нагузорем ҳеҷ як нохалафе ба амнияти давлатии мо халал расонанд. Кӯшиш ба харҷ дода дар ҳифзи якпорчагии Ватан, арзишҳои миллӣ ва амнияти давлатӣ доимо омода бошем ва барои рушду нумӯи кишвари азизамон- Тоҷикистон саҳмгузор бошем, ин аст қарзи шаҳрвандии мо!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg