ВОКУНИШ. Чӣ тавре мегӯянд ”гул бе хор намешавад” имрӯз ҳастанд гурӯҳ ва ташкилотҳое ба монанди аъзои Ҳизби наҳзати ислом, Гурӯҳи - 24, ки аъзои он пешрафту тараққиёти Ватани моро чашми дидан надоранд ва мехоҳанд, ки ба ҳар роҳе набошад давлату Ҳукумати Тоҷикистонро дар чашми оламиён бадном созанд, дар байни мардум норозигиро ба вуҷуд биоранд ва сокинони кишварро бар зидди давлат шӯронанд.
Ба ин хотир онҳо бештар аз шахсони бесаводу аз макру фиребашон бехабар истифода менамоянд. Онҳоро ба барономаҳои иғвоангезонаи худ ҷалб месозанд, талқинашон менамоянд, ки бар зидди давлату Ҳукумат, роҳбарият Ҳукумат бадгӯӣ намоянд ва бо ҳамин номи худ ва аҳли оилаи худро бадном созанд.
Имрӯз мавзуи аксар баромадашон зисту зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Вақте ба суханронии онҳо гӯш медиҳӣ чунин бармеояд, ки гӯё дар ягон давлати дунё ба ғайр аз Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатӣ дида намешавад. Ҳол он ки муҳоҷирати меҳнатӣ як раванди маъмулӣ буда, дар тамоми давлатҳои дунё, аз ҷумла дар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба чашм мерасад.
Дар шароити рӯз мамлакатеро ёфтан мушкил аст, ки дар он муҳоҷирони меҳнатӣ кору зиндагӣ намекарда бошанд. Ҳоло як қисми буҷаи аксар давлатҳои ҷаҳон маҳз аз ҳисоби маблағи ба дастовардаи муҳоҷирони меҳнатӣ пурра мегардад.
Аз ҷумла, буҷаи Ҷумҳурии Арманистонро мисол овардан мумкин аст, аз ҳисоби арманиҳои дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ ва кор мекардагӣ пурра карда мешавад.
Вақте ба зиндагии имрӯзаи мардуми Афғонистон назар меандозӣ, ҳоли зори мардумро мебинӣ, шукри давлати обод, тинҷу осударо мекунӣ. Бинобар ҳамин ман аз мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон хоҳиш менамоям ва даъват ба амал меоварам, ки дар ин замони пуртазод ақли солимро кор фармоянд, ба сару садоҳои бадхоҳони давлату миллат, ки ба ғайр аз ғами худ ғами каси дигареро намехӯранд ва орзуи онро доранд, ки ҳодисаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузаштаро аз нав ба амал биоранд, дода нашаванд.
Бобоҷон Зоиров, аъзои гурӯҳи таҳлилӣ, сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳии Ховалинг