ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаи Меҳрвари ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо сокинон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Зимни баромад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳимҷон Шарипов оид ба Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат фарогири тамоми ҷанбаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ буда, роҳнамои мо ба сӯи фардои нек аст.
Инчунин, дар бораи пешгирии бемории сироятии Ковид-19 суханронӣ карда шуда, қайд гардид, ки эмгузаронӣ воситаи асосии пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ мебошад.