ФАРХОР. Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар мулоқот масъулин бо иқтибосҳо аз суханронии Пешвои миллат иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд. Зеро бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад.