БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ НАВИ ИБТИДОӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

ТЕМУРМАЛИК. Мавзуи асосии вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати Раҷабзода Маҳмадсаид, муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон бо кормандони Коллеҷи тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳаи Кангурти ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик баргузор гардид. Дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, инчунин таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин муассиса буд.  

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонида, қайд кард, ки шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи ҳизби мо мебошад.

Инчунин, масъулин қайд намуданд, ки аз коллективи мазкур 10 нафар аъзои ҲХДТ буда, бинобар ҳамин ба мо зарур аст, ки  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи тиббӣ” – ро  таъсис диҳем. Сипас,  бо пешниҳод ва розигии иштирокчиён Давлатов Фазлиддинро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Коллеҷи тиббӣ”  интихоб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg