БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҒВОАНГЕЗОН БА ҲАДАФҲОИ ХУД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ.  Бадхоҳони миллат, аъзои Ҳизби наҳзати ислом ва ҳаммаслакони онҳо аъзои Гурӯҳи - 24 ҳамарӯза аз сомонаҳои таъсисдодаашон бар зидди давлату Ҳукумат  бо лафзи қабеҳ ғаразгӯӣ мекунанд. Онҳо дар баромадҳои иғвоангез худро чунин вонамуд менамоянд, ки аз онҳо дида ҳомии миллат, ғамхору ғамгусори миллат вуҷуд надорад ва таъкид мекунанд, ки дар ҳолати омодабош, ҷанг (бо кӣ? Албатта, бар зидди онҳое, ки сулҳу оромии кишварро аз ҳама боло медонанд ва нисбати ҳизбу ҳаракатҳое, ки мехоҳанд ҳаёти онҳоро халалдор сохта,  ба сари мардум боз мусибати гӯшношуниди навро  биоранд, нафрати бепоён доранд)  қарор доранд.

Онҳо ҳеҷ гоҳ ба ивази ягон чиз, (агар ба онҳо миллиоҳо маблағ диҳанд ҳам), аз муваффақиятҳои Тоҷикистон дар зарфи 30 - соли Истиқлолияти давлатӣ даҳон боз намекунанд. Хуб медонанд, ки аз корҳои созандагию ободкорӣ даҳон боз карданашон боиси расвоӣ ва  ради маърака шуданашон мегардад.

Лекин мардум чашм дорад, ақлу фаросат дорад . Хубро аз бад, дӯстро аз душман ба хубӣ ҷудо карда метавонад.

Як мисоли кӯчак: Дар Ховалинг танҳо дар се соли омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд. Шоҳидон мегӯянд, ки чунин суръати корҳои сохтмониро дар зарфи 70 -  соли даврони Шӯравӣ ёд надоранд.

Бинобар ҳамин,  бо итминони комил гуфта метавонам, ки иғвоангезон ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасанд. Зеро онҳо дар мисоли гуфтаи халқ пари коҳеанд, ки бо вазидани шамол паҳну парешон мегарданд.

Саидҷалол  Сатторзода, сокини ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg