ПАНҶ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Вакил зимни суханрониаш вобаста ба самтҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакатамон фикрронӣ намуда, роҳу усул ва механизми саривақтии амалӣ шудани дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки аз Паёми навбатӣ манша мегирад, пешкаши ҳозирин намуд. Инчунин, Миралиён Қиёмиддин вобаста бо эълон шудани «Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат», имтиёзҳо дар самти андоз, ҳифзи табақаи ниёзманди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди босуботи соҳаҳои маориф, тандурустӣ, занон, ҷавонон ва сиёсати хориҷии кишвар изҳори ақида намуда, дар охир вакили мардумӣ ба саволу дархостҳои иштирокдорони вохӯрӣ посух дод.