БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРРАСИИ ПАЁМ БО СОКИНОН

МУЪМИНОБОД. Бо мақсади расонидани муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод бо иштироки зиёда аз 120 нафар фаъолону сокинон вохӯрии судманд доир карда шуд.     

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №38 Абдуллоев Мироҷ, раиси ноҳияи Муъминобод Шарифзода Лутфия ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин иштирок намуда, вобаста ба баррасии нуқтаҳои Паём суханронӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дода, сол то сол шароит ва имкониятҳои муосирро барои пешрафти ин соҳа таъмин карда истодааст. Тавре дар Паёми Пешвои миллат қайд карда шуд, дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон, нафақа ва стипендияҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg