БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН МУЛОҚОТИ СУДМАНД АНҶОМ ДОДАНД

КӮШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода таҳти Раёсати муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз бо фаъолони ҷамоат  доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Собиров Ҷӯрабой, муовини ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Қувватзода Обидҷони Шаҳобиддин, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Олимӣ Ашӯралӣ, директорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоат, раисони маҳаллаҳо ва сокинон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз кушода мақсади ҷамъомадро ба ҳамагон шарҳ дод.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода доданд. Мавсуф Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода, таъкид кард, ки мо бояд ҳар дастуру супорише, ки аз ҷониби Пешвои миллат дода мешавад, дар татбиқи он  масъулиятнок бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg