КӮЛОБ. Дар толори ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб” бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз ва дигар шахсони расмӣ бо интихобкунандагони ташкилоти болозикр ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки зимни Паём Пешвои миллат вобаста ба дастовардҳи соҳаи энергетика қайд намуданд, ки “Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид”.