БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ - РОҲНАМО БАРОИ ХАЛҚ

КӮЛОБ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳ додани нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ашурзода Ғиёсиддин ва корманди масъули ҳизбӣ аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саъбугл Валиева бо сокинони ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ баромадкунандагон қайд намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро муваззаф месозад, ки сарҷамъ бошем ва ба кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем ва ба халқу Ватани маҳбубамон самимонаву содиқона хизмат намоем.

Дар интиҳои мулоқот аз тарафи сокинон ба вакил саволҳо пешниҳод шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg