БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ҚУБОДИЁН. Дар гимназияи давлатии №2 дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар Хайрулло, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ, муовини раиси ноҳия Шарипова Тоҷинисо ва  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобуддин, мулоқоту вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир гардид.

Зимнан Шарипова Тоҷиниссо ба сухан баромада, ба интихобкунандагон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарофзода Ҳомидҷонро муаррифи намуда, мақсад аз баргузории мулоқотро шарҳ дод.  

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулозода Зафар, Холбойзода Неъмат, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мӯсозода Шодӣ ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобуддин, дар бораи нуктаҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, сокинонро даъват карданд, ки дар пешрафту шукуфоии Ватан ва таъмини зиндагии арзанда саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg