БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ИРОДАИ ЗАНОНРО БАРОИ ХИЗМАТ БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ ҚАВИТАР НАМУД

АНДЕША.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки “Дар  сиёсати иҷтимоии давлату  Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад”.

Паём барои мо занон ҳамчун ҳуҷҷати барномавӣ моро вазифадор менамояд, ки камари ҳиматро мустаҳакам баста, нерӯи зеҳнӣ ва ҷисмонии хешро оқилонаю пурсамар истифода барем. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо, махсусан ба масъалаҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати ҷиддӣ дода, дар муҳлати се моҳ Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2022 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад. Дар ҷавоби ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб  сипосгузорӣ намуда, тамоми нерӯи зеҳнию ҷисмонии худро баҳри ободию шукуфоии диёри хеш сарф менамоем.

Чи хеле ки аз Паём мо як бори дигар огоҳ шудем, саҳми занон дар рушди  соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзудааст. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувонро дастгирӣ намуда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ гардонд.

Мо занон аз ғамхориву дастгириҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорем. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо зани тоҷик дар ҳамаи арсаҳои ҳаёт ҳамчун чеҳраи тобон шинохта шудааст. Бояд қайд кард, ки маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд, қудрати фитрии зани тоҷикро дар баробари рисолати модарӣ ва ҳамсарӣ сарбаландона иҷро намудани рисолати  роҳбариро собит созанд. Ин шинохт имконият дод, ки то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд.

Дар навбати худ мо занон – бонувон ҷавобан ба ҳамаи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки аз ин бештар ба Ватани азиз, ба давлату Ҳукумати кишвар хизмат намуда, саҳми худро дар рушди шукуфоии Ватани хеш беш аз пеш, имрӯз аз дирӯз ва фардо аз имрӯз ба мардум бошем ва ба мардум бештар хизмат намуда, дар ҳама ҷабҳаҳо саҳмгузор бошем.

Воҳид  Дилафрӯз  Сафарӣ,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg