ДАНҒАРА. Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти болоии ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Воҳид Дилафрӯз Сафарӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони КАТС – и ноҳия дар маҳаллаҳои аҳолинишин бо усули “ хона ба хона” бо мақсади пешгирӣ аз хуруҷи бемории КОВИД - 19 корҳои фаҳмондадиҳӣ доир намуданд.
Масъулин дар вохӯриҳояшон бо сокинон иброз медоранд, ки чи тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, то имрӯз қариб 60 фоизи аҳолӣ эм карда шудааст ва зарур аст, ки раванди эмгузаронӣ боз ҳам вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад.