ВОСЕЪ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МТМУ №1”-и ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки масъулини ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат бо иштирокдорони вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ қайд намуданд, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон иброз доштанд, ки “....бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.”
Бинобар ин ҳамаи мо ва пеш аз ҳама масъулони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи дониши хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандоҳӣ намоянд.