ВАХШ. Дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Мунаввар бо сокинон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохўрии судманд гузаронид.
Дар суҳбат Абдусаломзода Мунаввар дар бораи сисёати дохиливу хориҷии кишвар, рушду тараққиёти мамлакат дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ, саҳми Пешвои миллат дар таъмини зиндагии босаодат ба сокинон. Баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум ва дигар масъалалҳои мубрами рӯз андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ба ҳар гуна дассисаву фитнаҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода нашаванд.